Аз оғози журналистикаи тоҷик наваду нӯҳ сол сипарӣ гардид. 11 март рӯзноманигорони тоҷик иди касбии худро таҷлил менамоянд.
Ин сана соли 1996 ба ифтихори нашри «Бухорои шариф», нахустин рӯзномаи хусусии тоҷикӣ дар Аморати Бухоро рӯзи ҷашни аҳли матбуоти тоҷик муқаррар гардид . Таҷлили ин сана дар кишвар дар соли 1996 ба расмият даромадааст.
Ҳамонгунае, ки фарзанд то охири умри худ, падару модар, хоҳару бародар ва пайвандони хеш ёд мекунад, барои журналистони тоҷик низ ин рӯз рӯзи пуршарафу пурифтихор ва масъулиятнок ба ҳисоб меравад.








